457. Номаи Кайхусрав ба Ковус ба Навиди Фирӯзӣ
Дабири писандидаро пеш хонд,
Сухан ҳар чи боист, бо ӯ биронд.
Сари нома кард офарин аз нахуст
Бар –он, к-ӯ замин аз бадиҳо бишуст.
Сари ҷодувонро нагунсор кард,
Чунон ахтари хуфта бедор кард.
Тавоноиву донишу дод аз ӯст
Ба ҳар ҷо ситамёфта шод аз ӯст.
Дигар гуфт, к-аз бахти Ковусшоҳ
Бузурги ҷаҳондидаи некхоҳ.
Кушода шуд ин ганги Афросиёб,
Сари бахти ӯ андаромад ба хоб.
Ба як размгаҳ аз набардасарон
Сарафроз бо гурзҳои гарон.
Ҳамоно ки афканда шуд чил ҳазор
Ба Гулзарриюн дар сафи корзор.
В-аз он пас баромад яке боди сахт,
Ки барканд бо шох бехи дарахт.
Ба об-андар афканд чандин сипоҳ,
Ки ҷустанд бар мо ҳаме дастгоҳ.
В-аз он ҷойгаҳ рафт ба Б-ҳиштганг,
Ҳисоре пур аз мардуму ҷои ҷанг.
Ба ҷанги ҳисор-андарун сӣ ҳазор
Ҳамоно, ки шуд кушта дар корзор.
Ҳамон буд, ки бедодгар буд мард,
Варо донишу бахт ёрӣ накард.
Ҳама рӯи кишвар сипаҳ густарид,
Шудаст ӯ кунун аз ҷаҳон нопадид.
Аз ин пас фиристам ба шоҳ огаҳӣ
Зи рӯзе ки бошад маро фарраҳӣ.
Бар он нома-бар мӯҳри заррин ниҳод,
Фиристод наздики Ковус шод
В-аз он пас биёмад, ба шодӣ нишаст,
Паричеҳра пеш-андарун май ба даст.
Бибуд то баҳор андаровард рӯй,
Ҷаҳон шуд биҳиште пур аз рангу бӯй.
Ҳама дашт чун парниён шуд ба ранг,
Ҳаво гашт бар сони пушти паланг.