Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

458. Огоҳӣ ёфтани Кайхусрав аз омадани Афросиёб бо лашкари фағфур

Пас огоҳӣ омад зи Чину Хутан, В-аз Афросиёб андар он анҷуман. Ки фағфури Чин бо вай анбоз гашт, Ҳама кишвари Чин пуровоз гашт. Зи Чин то ба Гулзарриюн лашкар аст, Бар эшон чу хоқони чинӣ сар аст. Надонад касе арзи он хоста, Парастандаву аспи ороста, Ки ӯро фиристод фағфури Чин, Ба шоҳӣ бар ӯ хонданд офарин. Ҳама ганҷи Пиронаш омад ба даст Шутурвор динор сад бор шаст. Чу он хоста баргирифт аз Хутан, Яке лашкаре шуд бар ӯ анҷуман. Чу з-ин гуна огоҳӣ омад зи роҳ, Ба наздики он зинҳорӣ сипоҳ. Ҳама бозгаштанд аз эрониён Бубастанд кинхостанро миён. Чу бардошт Афросиёб аз хутан, Сипоҳе баровард лашкаршикан, Ки гуфтӣ замин барнатобад ҳаме Ситора шумораш наёбад ҳаме. Зи Чин сӯи Кайхусрав овард рӯй Пур аз дард бо лашкари ҷангҷӯй. Чу Кайхусрав огоҳ шуд з-он сипоҳ Талоя фиристод чанде ба роҳ. Бифармуд Гударзи Кашводро, Сипаҳдори ял, шер Фарҳодро, Ки эдар бибошед бо доду рой, Талоя шабу рӯз карда ба пой. Ба Гударз гуфт: «Ин сипоҳи туанд, Шабу рӯз андар паноҳи туанд. Зи туркон ҳар он гаҳ ки бинӣ яке, Ки ёд орад аз душманон андаке, Ҳам андар замон зинда бар дор кун, Ду пояш забар, сар нагунсор кун. Чу беранҷ ёбӣ, ту беранҷ бош, Нигаҳбони ин лашкару ганҷ бош».