459. Номаи Афросиёб ба Кайхусрав
Сипаҳдори туркон аз он анҷуман
Гузин кард корозмуда ду тан.
Паёме фиристод наздики шоҳ,
Ки «Кардӣ фаровон зи лашкар табоҳ
Ҳамоно, ки фарсанг аз Эрон ҳазор
Бувад то ба Ганг-андар, эй шаҳрёр.
Зи кӯҳу биёбону аз регу шах
Ду лашкар бад-ин сон чу мӯру малах.
Заминҳо чу дарё шуд аз хуни кин
Зи Гангу зи Чин то ба Эронзамин.
Агар хуни он куштагонро зи хок
Ба жарфе барад рои Яздони пок,
Ҳамоно, ки дарёи қулзум шавад,
Ду лашкар ба хун-андарун гум шавад.
Агар ганҷ хоҳӣ зи ман ё сипоҳ
В-агар буми Турону тахту кулоҳ,
Супорам туро ман, шавам нопадид,
Ҷуз аз теғ ҷонро надорам калид.
Макун гар туро, ман падармодарам,
Зи тухми Фаридуни афсунгарам.
Зи кини падар гар дилат хира шуд,
Чунин пеши ту оби ман тира шуд.
Аз он бад Сиёвуш гунаҳгор буд,
Маро дил пур аз дарду тимор буд.
Дигар гардиши ахтарони баланд,
Ки ҳам бо паноҳанду ҳам бо газанд.
Маро солиён шаст бар сар гузашт,
Ки бо номдорон нарафтам ба дашт.
Ту фарзандиву шоҳи Эрон туӣ,
Ба разм-андарун чанги шерон туӣ.
Яке размгоҳе гузин дурдаст,
На бар домани марди хусравпараст.
Бигардем ҳарду ба овардгоҳ,
Ба ҷое к-аз ӯ дур монад сипоҳ.
Агар ман шавам кушта бар дасти ту,
Зи дарё наҳанг оварад шасти ту,
Ту бо хешу пайванди мо дармакӯш,
Бипарҳезу аз кина чандин маҷӯш.