Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

460. Расул фиристодани хоқони Чин назди Кайхусрав

Чу огоҳӣ омад ба Мочину Чин, Зи туркону аз шоҳи Эронзамин, Бупечид фағфуру хоқон ба дард, Зи тахти меҳӣ ҳар касе ёд кард. В-аз он ёвариҳо пушаймон шуданд, Пурандеша дил сӯи дармон шуданд. Ҳаме гуфт фағфур, к-«Афросиёб, Аз ин пас бузургӣ набинад ба хоб. Зи лашкар фиристодану хоста Шавад бегумон кори мо коста. Пушаймонӣ омад ҳама баҳри мо, В-аз ин кор вайрон шавад шаҳри мо. Зи Чину Хутан ҳадяҳо сохтанд, Бар он кор ганҷе бипардохтанд. Фиристодаи некдилро бихонд, Суханҳои шоиста бо ӯ биронд. Зи боистанӣ ҳар чи дар ганҷ буд, Зи динору аз гавҳари нобисуд, Ба пӯзиш фиристод наздики шоҳ, Фиристодагон баргирифтанд роҳ. Бузургони Чин бедиранг омаданд, Ба як ҳафта аз Чин ба Ганг омаданд. Ҷаҳондори пирӯз бинвохтшон, Чунон чун бибоист, биншохтшон. Пазируфт чизе, ки оварда буд, Зароиф буду бадраву барда буд. Фиристодаро гуфт, к ӯро бигӯй, Ки хира бари мо мабар обрӯй. Набояд, ки назди ту Афросиёб Биёяд шаби тира ҳангоми хоб». Фиристода баргашту омад чу бод, Ба фағфур яксар паёмаш бидод. Чу бишнид фағфур ҳангоми хоб, Фиристод кас назди Афросиёб. Ки аз марзи Чину Хутан дур бош, Зи бад кардани хеш ранҷур бош. Ҳар он кас, ки ӯ гум кунад роҳи хеш, Бад ояд бадандешро кор пеш.