Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

461. Фиристодани Кайхусрав бандиён ва

Ганҷ назди Ковус бо нома Аз он шод шуд шоҳу бинвохтшон, Якояк бар андоза биншохтшон. Дари ганҷҳои ниё баркушод, Зи пайванду меҳраш накард эч ёд. Зи дебову динору гавҳар ҳазор Ҳаюнони шоиста карданд бор. Зи говони гардункашон даҳ ҳазор Бибурданд бо олати корзор. Ҳам эдун зи ганҷи дирам бешумор Шутур бор карданд бо шаҳрёр. Бифармуд аз он пас ба ҳангоми хоб, Ки пӯшидарӯёни Афросиёб Зи хешу зи пайванди ӯ ҳар кӣ ҳаст, Агар духтаронанд, агар зердаст, Ҳама дар иморӣ ба роҳ оваред, Аз айвон ба майдони шоҳ оваред. Сад аз номдорону гарданкашон, Ки буданд ҳар як ба мардӣ нишон. Ҳама хешу пайванди Афросиёб, Зи тимори ӯ дидагон пур зи об. Чу Ҷаҳну чу Гарсевази арҷманд, Ба маҳд-андарун пой карда ба банд. Навоҳо, ки аз шаҳрҳо ёдгор, Гаравгон зи туркону чинӣ ҳазор Гузин кард аз эрониён даҳ ҳазор Супурд аз замон Гевро шаҳрёр. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди фархундапай, Бирав бо сипаҳ сӯи Ковуси Кай. Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, Биёвард қиртосу мушку абир. Яке нома аз қиру мушку гулоб Бифармуд дар кори Афросиёб. Чу шуд ҳома аз мушк в-аз қир тар, Нахуст офарин кард бар додгар, Ки дорандаву барсароранда ӯст, Замину замонро нигоранда ӯст. Ҳам ӯ офаринандаи мӯру пил