Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

462. Посухи номаи Хусрав аз Ковусшоҳ

В-аз он пас биёмад хиромон дабир, Биёвард қиртосу мушку абир. Навиштанд посух, ки аз кирдгор Шудам шоду хушнуд аз ин рӯзгор, Ки фарзанди мо гашт пирӯзбахт Сазои меҳӣ аз дари тоҷу тахт. Бадеро ки гетӣ ҳаме танг дошт, Ҷаҳон аз паи ғорату ҷанг дошт, Зи дасти ту овора шуд дар ҷаҳон, Нагӯянд номаш ҷуз андар ниҳон. Ҳамасола то буд, хунрез буд, Сабукрӯю бадгавҳару тез буд. Бизад гардани Нӯзари тоҷдор, Зи шоҳони пешин буд ӯ ёдгор. Бародаркушу бадтану шоҳкуш, Бадандешу бадному шӯридаҳуш. Паи ӯ мамон то ниҳад бар замин Ба Турону Мукрону дарёи Чин. Ҷаҳонро магар з-ӯ раҳоӣ бувад, Бадиро зи гетӣ ҷудоӣ бувад. Агар довари додгар як Худой Туро буд хоҳад ҳаме раҳнамой, Ки гетӣ бишӯӣ зи ранҷи бадон, Зи гуфтору кирдори нобихрадон, Ба доди ҷаҳонофарин шод бош, Ҷаҳонро яке тоза бунёд бош! Агар боз бинам туро шодмон, Пур аз дард гардад дили бадгумон. Аз он пас ҷуз аз пеши Яздони пок Набошам, к-аз ӯяст уммеду бок. Бад-он то ту пирӯз бошиву шод, Сарат сабз бодо, дилат пур зи дод. Ҷаҳонофарин раҳнамои ту бод, Ҳамеша сари тахт ҷои ту бод». Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ, Зи айвони ӯ Гев бугзид роҳ. Ба раҳ-бар набудаш ба ҷое диранг, Ба наздики Кайхусрав омад ба ганг.