463. Пайғом фиристодани Кайхусрав наздики
фағфури Чин ва шоҳи Мукрон
Зи лашкар фиристодагон баргузид,
Ки гӯянду донанд гуфту шунид.
Фиристод кас назди хоқони Чин,
Ба фағфур солори Мукронзамин,
Ки гар дод гиреду фармон кунед,
Зи кирдори бад дил пушаймон кунед.
Хӯришҳо фиристед пеши сипоҳ,
Бубинед ночор моро ба роҳ.
Касе к-ӯ битобад зи гуфтори мо,
В-агар дур монад зи дидори мо,
Сари ӯ бибуррам ба шамшери тез,
Барорам зи айвони ӯ растахез.
Фиристода омад ба ҳар кишваре,
Ба ҷое ки буд номвар меҳтаре.
Ғамӣ гашт фағфуру хоқони Чин,
Бузургони ҳар кишваре ҳамчунин.
Фиристодаро чанд гуфтанд гарм
Суханҳои ширин ба овои нарм,
Ки мо шоҳро сар ба сар кеҳтарем,
Замин ҷуз ба фармони ӯ наспарем.
Гузарҳо, ки роҳи далерон будаст,
Бубинем, то чанд вайрон шудаст.
Кунем аз сар обод бо х(в)арданӣ,
Биёрем ҳар чизи оварданӣ.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки будаш хирад,
Ки гар бениёз ӯ ба мо бугзарад,
Ба дарвеш бахшем бисёр чиз,
Нисору хуришҳои бисёр низ.
Фиристодагонро гарон ҳадя дод,
Биёмад ба даргоҳ хушнуду шод.
Дигар номвар чун ба Мукрон расид,
Дили шоҳи Мукрон дигаргуна дид.
Бари тахти ӯ рафт, нома бидод,
Бигуфт аз паём, он чӣ будаш ба ёд.
Сабуксар фиристодаро хор кард,
Дили анҷуман пур зи тимор кард.
Бад-ӯ гуфт: «Бо шоҳи Эрон бигӯй,