464. Разми Кайхусрав бо шоҳи Мукрон ва кушта шудани шоҳи Мукрон
Биёмад чу наздики Мукрон расид,
Зи лашкар ҷаҳондидае баргузид.
Бари шоҳи Мукрон фиристоду гуфт,
Ки «Бо шаҳрёрон хирад бод ҷуфт.
Нигаҳ кун, ки мо аз куҷо рафтаем,
На мастему бар орзу хуфтаем.
Ҷаҳон равшан аз тоҷу бахти ман аст,
Сари меҳтарон пои тахти ман аст.
Хуриш созу роҳи сипоҳи маро
Ба хубӣ биёрой гоҳи маро.
Чу лашкар шуд аз хурданӣ бенаво,
Касе бенавоӣ надорад раво.
Баранд он гаҳе даст чизи касон,
Агар ман набошам, бар ҳар кас расон.
Наво чун наёбанд, ҷанг оваранд,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оваранд.
Гар эдун, ки гуфтори ман нашнавӣ,
Ба хуни фаровон кас- андар шавӣ.
Ҳама шаҳри Мукрон ту вайрон кунӣ,
Чу бе кина оҳанги шерон кунӣ».
Фиристода омад, паёмаш бидод,
Набуд дар дилаш ҷои пайғому дод.
Сари бехирад з-он сухан тез гашт,
Биҷӯшиду мағзаш бадомез гашт.
Пароканда лашкар ҳама гирд кард,
Биёрост бар дашт ҷои набард.
Фиристодаро гуфт: «Баргарду рав,
Ба наздики он бадгумон бозшав.
Бигӯяш, ки аз гардиши тирарӯз
Ту гаштӣ чунин шоду гетифурӯз.
Бубинӣ чу оӣ, зи мо дастбурд,
Бидонӣ, ки мардон кадоманду гурд».
Фиристодаи шоҳ чун боз гашт,
Ҳама шаҳри Мукрон пуровоз гашт.
Замин кӯҳ то кӯҳ лашкар гирифт,
Ҳама марзи Мукрон сипаҳ баргирифт.
Биёвард пилони ҷангӣ дувист,
Ту гуфтӣ, ки андар замин ҷой нест,