465. Гузаштани Кайхусрав аз оби Зиреҳ
Чу омад ба наздики оби Зиреҳ,
Кушоданд гурдон миён аз гиреҳ.
Ҳама корсозони дарё ба роҳ
Зи Чину зи Мукрон ҳаме бурд шоҳ.
Ба хушкӣ бикард, ончи боист кард,
Чу киштӣ бар об андарафканд мард.
Бифармуд, то тӯша бардоштанд,
Зи яксола то об бугзоштанд.
Ҷаҳондори некахтари роҳҷӯй
Бирафт аз лаби об пуробрӯй.
Бар он бандагӣ-бар физоиш гирифт,
Ҷаҳонофаринро ниёиш гирифт.
Ҳаме хост аз кирдгори баланд,
Ки ӯро ба хушкӣ барад бегазанд.
Ҳаме гуфт, к-эй кирдгори ҷаҳон,
Шиносандаи ошкору ниҳон,
Нигаҳдори хушкиву дарё туӣ,
Худованди чарху сурайё туӣ.
Нигаҳ дор ҷону сипоҳи маро,
Ҳам он ганҷу тахту кулоҳи маро.
Пурошӯб дарё аз он гуна буд,
К-аз ӯ кас нарастӣ ба дил ношахуд.
Ба шаш моҳ киштӣ бирафтӣ бар об,
К-аз ӯ сохтӣ ҳар касе ҷои хоб.
Ба ҳафтум, ки ниме гузаштӣ зи сол
Шудӣ кажжу бе роҳ боди шимол.
Сари бодбон тез бардоштӣ,
Ҳала пеши маллоҳ бугзоштӣ.
Ба ҷое кашидӣ зи роҳи хирад,
Ки маллоҳ хондиш фамм-ул-асад.
Чунон хост Яздон, ки боду ҳаво
Нашуд тунд бо ахтари подшо.
Шигифт андар он об монда сипоҳ,
Намудӣ ба ангушт ҳар як ба шоҳ.
Ба об-андарун шер диданду гов,
Ҳаме доштӣ гов бо шер тов.
Ҳам он мардуму мӯйҳо чун каманд,
Ҳама тан пур аз пашм чун гӯсфанд.