466. Расидани Кайхусрав ба Ганг
Сипаҳро биёрост, рӯзӣ бидод,
Зи Яздони некидиҳиш кард ёд.
Ҳаме гуфт, ҳар кас, ки ҷӯяд бадӣ,
Бупечад зи бодафраи эзадӣ.
Набояд, ки бошед як тан ба шаҳр,
К-аз ӯ ранҷ ёбад тани мӯр баҳр.
Ҷаҳондор чун Гангдижро бидид,
Шуд аз оби дида рухаш нопадид.
Пиёда шуд аз аспу сар бар замин,
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин.
Ҳаме гуфт, к-эй довари додпок,
Яке бандаам, дил пур аз тарсу бок.
Ту додӣ маро зӯру оину фар,
Сипоҳу дилу ахтару пову пар,
Ки ин бораи шорсони падар
Бидидам бароварда аз хок сар.
Сиёвуш, ки аз фарри Яздони пок
Чунин борае баркашид аз мағок,
Ситамгар буд он к-ӯ ба бад охт даст,
Дили ҳар кас аз куштани ӯ бихаст.
Бар он бора бигрист яксар сипоҳ
Зи хуни Сиёвуш, ки буд бегуноҳ.
Ба дасти бадандеш-бар кушта шуд,
Чунин тухми кин дар ҷаҳон кишта шуд.
Пас огоҳӣ омад ба Афросиёб,
Ки шоҳи ҷаҳонгир бугзошт об.
Шунида ҳаме дошт андар нуҳуфт,
Биёмад шаби тира, бо кас нагуфт.
Ҷаҳондидагонро ҳамон ҷо бимонд,
Дили пур зи тимор танҳо биронд.
Чу Кайхусрав омад ба Ганг-андарун,
Саре пур зи тимору дил пур зи хун.
Бидид он дилафрӯз боғи биҳишт,
Чаманҳои ӯ чун чароғи биҳишт.
Ба ҳар гӯшае чашмаву гулситон,
Замин сунбулу шох булбулситон.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки инат ниҳод,
Ҳам эдар бибошем то марг шод.