467. Бозгаштани Кайхусрав зи Гангдиж сӯи Сиёвушгирд
Бад-он гаҳ, ки бедор гардад хурӯс,
Зи даргоҳ бархост овои кӯс.
Сипоҳи шитобандаву роҳҷӯй
Ба сӯи биёбон ниҳоданд рӯй.
Ҳама номдорони ҳар кишваре
Бирафтанд ҷое, ки буд меҳтаре.
Хуришҳо бибурданд чанде ба роҳ,
Ки буд аз дари шаҳрёру сипоҳ.
Ба роҳе ки лашкар ҳаме баргузашт,
Дару дашт яксар чу бозор гашт.
Касеро набуд дил, ки накшод даст,
Ба кӯҳу биёбону ҷои нишаст.
Бузургон, ки бо ҳадяву бо нисор
Пазира шудандӣ бари шаҳрёр,
Чу дидандӣ он хусрави сарфароз
Ба наздики ӯ ҷумла бурдӣ намоз.
Чу хилъат фароз омадишон зи ганҷ,
Наҳиштӣ, ки бо вай бирафтӣ ба ранҷ.
Пазира шудаш Гев бо лашкаре
В-аз он шаҳр ҳар кас, ки буд меҳтаре,
Ҷаҳондори бедор бинвохташ,
Ба расми падар ҷойгаҳ сохташ.
Чу Хусрав ба наздики дарё расид,
Фуруд омаду бодбонҳо бидид.
Ду ҳафта бар он рӯи дарё бимонд,
Зи дидор бо Гев чанде биронд.
Ҳаме гуфт: «Ҳар, к-ӯ надидаст Ганг,
Набояд, ки хоҳад ба гетӣ диранг.
Бифармуд, то кор бархостанд,
Ду заврақ ба об-андар андохтанд.
Паси заврақ-андар зи киштӣ ҳазор
Ба об-андарун ронд пас шаҳрёр.
Шиносои киштӣ ҳар он кас, ки буд,
Ки бар жарфдарё далерӣ намуд.
Бифармуд, то бодбон баркашид,
Ба дарёи бепоя андаркашид.
Ҳамон оби дарёи яксола роҳ
Чунон тез шуд бод дар ҳафт моҳ,