468. Бозгаштани Кайхусрав аз Турон ба Эронзамин
Чу будан ба Ганг-андарун шуд дароз,
Ба дидори Ковусаш омад ниёз.
Ба Густаҳми Нӯзар супурд он замин
Зи Қипчоқ то пеши дарёи Чин.
Беандоза лашкар ба Густаҳм дод,
Бад-ӯ гуфт, бедордил бошу шод.
Ба Чину ба Мукронзамин даст ёз,
Ба ҳар кас фиристодани нома соз.
Ҳаме ҷӯй з-Афросиёб огаҳӣ
Магар з-ӯ шавад рӯи гетӣ тиҳӣ.
В-аз он ҷойгаҳ хоста, ҳарчи буд
Зи динору аз гавҳари нобисуд,
Зи мушку зи кофуру заринситом,
Ҳамон ёраву аспу тахту ғулом,
Зи густарданиҳову дебои Чин
Зи чизе ки хезад зи Мукронзамин,
Зи говони гардункашон чил ҳазор
Ҳаме ронд пеш-андарун шаҳрёр.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки кас пеш аз ин
Надиду набуд хоста беш аз ин.
Сипаҳ буд чандон, ки бар кӯҳу дашт
Ҳаме дар шабу рӯз лашкар гузашт.
Чу дидор бардоштӣ пешрав,
Ба манзил расидӣ ҳаме нав ба нав.
Биёмад бад-ин ҳамнишон то ба Чоҷ
Биёвехт тоҷ аз бари тахти оҷ.
Ба Суғд-андарун буд як ҳафта беш,
Талимону Хузон ҳаме рафт пеш.
В-аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кашид,
Зи лашкар замин шуд ҳаме нопадид.
Бихӯрду биёсуду як ҳафта буд,
Дувум ҳафта бо ҷомаи нобисуд.
Ғамӣ шуд аз он рӯзҳои шуда,
Биёмад хурӯшон ба оташкада,
Ки Тури Фаридун бароварда буд,
Бад-ӯ - андарун кохҳо карда буд.
Бигустард бар мӯбадон симу зар,
Ба оташ пароканда чанде гуҳар.