Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

469. Бозомадани Кайхусрав ба назди ниё

Дили шоҳ аз он огаҳӣ тоза шуд, Ту гуфтӣ, ки бар дигар андоза шуд. Бар айвонҳо тахти заррин ниҳод, Ба хона-дар ороиши Чин ниҳод. Бубастанд озин ба шаҳру ба роҳ, Ҳама барзану кӯю бозоргоҳ. Пазира шудандаш ҳама меҳтарон, Бузургони Эрону кундоварон. Ҳама роҳу бероҳ гунбад зада, Ҷаҳон шуд чу дебо ба зар озада. Ҳама мушку гавҳар баромехтанд, Зи гунбад ба сарҳо фурӯ рехтанд. Чу берун шуд аз шаҳр Ковуси Кай Або номдорони фархундапай, Ниёро бидид аз карон шоҳи нав, Барангехт он бораи тундрав. Гирифтанд мар якдигарро ба бар, Басе бӯса доданд бар рӯю сар. Ҳаме ҳардувон зор бигристанд, Ки якчанд бе орзу зистанд. Ҳаме офарин кард Ковуси Кай Бар он шоҳи некахтару некпай. Ҳаме гуфт: «Бе ту мабодо ҷаҳон, На тоҷи бузургиву тахти меҳон, Ки хуршед чун ту надидаст шоҳ, На аспу на ҷавшан, на тахту кулоҳ. Зи Ҷамшед то бар Фаридун расид, Сипеҳру замин чун ту шоҳе надид. На з-ин сон касе ранҷ бурд аз меҳон, Надид ошкору ниҳони ҷаҳон. Сиёвуш гар аз дахма боз омадӣ, Ба фарри ту ӯро ниёз омадӣ. Гар ӯ шуд, ҷаҳон бар ту фархунда бод, Дилу ҷони бадхоҳи ту канда бод!» Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин ба бахти ту буд, Барӯманд шохи дарахти ту буд. Касе к-аш ба гетӣ ту бошӣ ниё, Бирӯяд мар ӯро зи хоро гиё».