470. Гирифтор шудани Афросиёб бар
дасти Ҳум аз нажоди Фаридун
В-аз он пас чунон буд, ки Афросиёб,
Ҳаме гашт ҳар ҷой бехурду хоб.
На эмин ба ҷону на тан судманд,
Ҳамеша ҳаросон зи бими газанд.
Ҳаме аз ҷаҳон ҷойгоҳе биҷуст,
Ки бошад ба ҷон эмину тандуруст.
Ба наздики Барда яке ғор дид,
Сари кӯҳи ғор аз ҷаҳон нопадид.
Надид аз бараш ҷои парвози боз,
На зераш паи шеру ҷои гуроз.
Зи ҳар шаҳр дуру ба наздики об,
Ки хонӣ ҳаме Ҳанги Афросиёб.
Бишуд шоҳи бечора наздики кӯҳ,
Чу дидаш бад-он гуна дур аз гурӯҳ,
Хуриш бурд, аз бими ҷон ҷой сохт,
Ба ғор-андарун ҷой бо лой сохт.
Ҳаме буд чанде ба ғор- андарун,
Зи карда пушаймону дил пур зи хун.
Чу хунрез гардад дили сарфароз,
Ба тахти каӣ барнамонад дароз.
Чунон шаҳрёре худованди тахт,
Ҷаҳондори некахтари некбахт.
Чу хунрез шуд, душман омад падид,
Хунук шоҳ, к-ӯ хуни шоҳон надид.
Яке некмард андар он рӯзгор
Зи тухми Фаридуни омӯзгор.
Парастанда бо фарру бурзи каён,
Ба зуннори Кайшоҳ баста миён.
Парастишгаҳаш кӯҳ будӣ ҳама,
Зи шодӣ шуда дуру дур аз рама.
Куҷо номи он номвар Ҳум буд,
Парастанда дур аз бару бум буд.
Яке ғор буд андар он бурзи кӯҳ,
Бад-ӯ сахт наздику дур аз гурӯҳ.
Ҳаме рафт рӯзе бар он кӯҳ-бар
Зи баҳри парастидани додгар.
Ниёишкунон Ҳум бар кӯҳсор