471. Гурехтани Афросиёб аз дасти Ҳум
Чу он шоҳро Ҳум бозу бубаст,
Ҳаме бурд ӯро зи ҷои нишаст.
Бад-ӯ гуфт, эй марди ботарсу бок,
Парастору донанда Яздони пок.
Чӣ хоҳӣ зи ман, ман киям дар ҷаҳон,
Нишаста дар ин ғори бебун ниҳон?»
Бад-ӯ гуфт Ҳум: «Ин на ороми туст,
Ҷаҳоне саросар пур аз номи туст.
Зи шоҳони гетӣ бародар кӣ кушт?
Кӣ шуд низ бо покяздон дурушт?
Чу Ағрирасу Нӯзари номдор
Сиёвуш, ки буд аз каён ёдгор,
Ту хуни сари шаҳрёрон марез,
На аз гоҳ дар ғори бебун гурез».
Бад-ӯ гуфт, к-«Андар ҷаҳон бегуноҳ
Киро донӣ, эй марди бодастгоҳ?
Чунин ронд бар сар сипеҳри баланд,
Ки омад зи ман дарду ранҷу газанд.
Зи фармони Яздон касе нагзарад,
Агар гардани шери нар бишкарад.
Бубахшой бар ман, ки бечораам,
В-агарчанд бар тан ситамгораам.
Набера Фаридуни фаррух манам,
Зи банди камандат ҳаме бишканам.
Куҷо бурд хоҳӣ маро баста зор
Натарсӣ зи Яздон ба рӯзи шумор?»
Бад-ӯ гуфт Ҳум «Эй бади бадгумон,
Ҳамоно фаровон намондат замон.
Суханҳот чун дар гулистон хав аст,
Туро ҳуш бар дасти Кайхусрав аст».
Бупечид дар Ҳумро з-ин нажанд,
Бар ӯ суст кард он каёнӣ каманд.
Чу донист, к-он марди парҳезгор
Бубахшид бар нолаи шаҳрёр,
Бупечиду з-ӯ хештан даркашид,
Ба дарё - дарун ҷасту шуд нопадид.
Чунон буд, ки Гударзи Кашводагон
Ҳаме рафт бо Геву озодагон.