Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

472. Гирифтор шудани Афросиёб бори дувум

ва кушта шудани ӯ ва Гарсеваз Забони ду меҳтар пур аз гуфтугӯй, Равони парастанда пурҷустуҷӯй. Куҷот он савориву майдону гӯй, Ки будӣ зи ҷавгони ту гуфтугӯй? Куҷот он шабехуни ногаҳ чу шер, Ки шери жиён оваридӣ ба зер? Зи роҳи ҷазира даромад яке, Чу дидаш мар ӯро зи дур андаке, Кушод он каёнӣ каманд аз миён Дутоӣ биёмад чу шери жиён. Бияндохт он тобдода каманд, Сари шаҳрёр андаромад ба банд. Ба хорӣ зи дарё кашидаш ба дашт, Ҳама зиндагонӣ бар ӯ хор гашт. Супурдаш ба шоҳону худ боз гашт, Ту гуфтӣ, ки бо бод анбоз гашт. Биёмад ҷаҳондор бо теғи тез, Сари пур зи кина, дили пурситез. Чунин гуфт бедониш Афросиёб, Ки «Ин рӯз худ дида будам ба хоб. Сипеҳр аз бари ман фаровон кашид, Кунун пардаи розҳо бардарид. Ба овоз гуфт; Эй бади кинаҷӯй, Чаро кушт хоҳӣ ниёро, бигӯй?» Чунин дод посух, ки «Эй бадкуниш, Сазовори пайғораву сарзаниш, Зи хуни бародар-т гӯям нахуст, Ки ҳаргиз бадии меҳонро наҷуст. Дигар Нӯзар, он номвар шаҳрёр Ҷаҳондору з-Эраҷ яке ёдгор, Задӣ гарданашро ба шамшери тез, Барангехтӣ аз ҷаҳон растахез. Се дигар Сиёвуш, ки чун ӯ савор Набинад касе аз ҷаҳон ёдгор, Буридӣ сараш чун сари гӯсфанд, Ҳаме баргузаштӣ зи чархи баланд. Ту боби маро аз чӣ кардӣ табоҳ,