Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

473. Боз омадани Ковус ва Хусрав ба Порс

Зи Яздон чу шоҳ орзӯҳо биёфт, Зи дарё сӯи хони озар шитофт. Басе зар бар оташ барафшонданд, Ба замзам басе офарин хонданд. Бибурданд як рӯзу як шаб ба пой Ба пеши ҷаҳондовари раҳнамой. Чу ганҷури Кайхусрав омад Зарасп Бубахшид ганҷе бар озаргушасп. Бар он мӯбадон хилъат афканд низ, Дирам доду динору бисёр чиз. Ба шаҳр-андарун ҳар кӣ дарвеш буд, В-агар хӯрдаш аз кӯшиши хеш буд, Бипӯшад аз он пас ба дебои Чин, Зи хаззу зи мулҳам кафан ҳамчунин. Ба дахма-дарун тахти заррин ниҳанд, Кулаҳ бар сараш анбарогин ниҳанд. Бихобонадаш пас бар афрози тахт, Бигиряд фаровон бар он шӯрбахт. Тани паҳлавонро, к-аз ӯ хост кин, Кашиданд ду пора зӣ борагин. Чунин гуфт Хусрав, ки кин рондем, Зи дил оташи дард биншондем. Кунун бар ниё ҷои бахшоиш аст, Маро вақти орому осоиш аст. Кунун бояд оини нав сохтан, Асирон ба ҳар ҷой бинвохтан, Ки бо ман ниё буд, к-афканд хун, Чу ӯ рафт, аз инҳо чӣ ояд кунун? Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад, Зи бад гардад андар ҷаҳон ном бад. Нигаҳ кун, ки ин гунбади тезгард Ниҳонӣ надорад магар гарму сард. Ба гетӣ ҳаме бош бо тарсу бок, Ниёиш ҳаме кун ба Яздони пок, Ки пирӯзиву шӯрбахтӣ аз ӯст, Таносониву ранҷу сахтӣ аз ӯст. Бар он низ ганҷе пароканда кард, Ҷаҳоне ба доду деҳиш зинда кард.