474. Раҳо кардани Кайхусрав Ҷаҳнро аз банд
ва додан подшоҳии Турон ӯро
Бифармуд то Ҷаҳни Афросиёб
Биёранд дар пеш бо ҷоҳу об.
Бирафтанд фармонбарон пеши ӯй,
Ба наздики Ҷаҳн овариданд рӯй.
Чу диданд мар Ҷаҳнро пойбанд,
Шикастанд он бандро бегазанд.
Бибурданд пас мардро пеши шоҳ
Биёмад бад-он номвар пешгоҳ.
Чу чашмаш баромад бар он шаҳрёр
Заминро бибӯсид бечоравор.
Чу наздики он шоҳи некон расид,
Зи дил мавҷи хунаш ба мижгон расид.
Ҳаме буд гирён бари шаҳ ба пой,
Яке номвар буд фархундарой.
Чу Хусрав бад-он гуна меҳраш бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Зи хуне ки буд баҳраи модарӣ,
Биҷӯшиду шуд чеҳрааш озарӣ.
В-аз он пас фурӯ рехт бар чеҳра об,
Басе ёд кард аз рад Афросиёб,
Ки гар ӯ нашустӣ ба хун даст пеш,
Нигаҳ доштӣ дину оину кеш.
Накардӣ ба хун сурх риши сапед,
Нагаштӣ зи буму зи бар ноумед.
Манаш будаме пеш фарзандвор,
Нахондам ман ӯро магар шаҳрёр.
Валекин чунин аст бад рӯзгор,
К-аз ӯ барг заҳр асту бор аст мор.
Чу Ҷаҳн ин шунид аз лаби шаҳрёр
Ба ҷон эминӣ ёфт аз рӯзгор.
Басе офарини бузургон бигуфт
Бад-он, к-аш бурун оварид аз нуҳуфт,
Ки «Ҷовид бодӣ ту бо тоҷу тахт,
Ҳамеша ба ҳар ҷой фирӯзбахт!
Меҳони ҷаҳон пеши ту бандаанд,
Бад-он бандагӣ сарфарозандаанд.
Ман акнун раҳии сарои туам,