475. Ноумед гаштани Кайхусрав аз ҷаҳон
Пурандеша шуд моявар ҷони шоҳ
Аз он эзадӣ кору он дастгоҳ.
Ҳаме гуфт ҳар ҷой обод бум
Зи Ҳинду зи Чин-андарун то ба Рум,
Ҳам аз Ховарон то дари Бохтар
Зи кӯҳу биёбону аз хушку тар
Саросар зи бадхоҳ кардам тиҳӣ,
Маро гашт фармони тахти меҳӣ.
Ҷаҳон аз бадандеш бебим гашт,
Фаровон маро рӯз бар сар гузашт.
Зи Яздон ҳама орзу ёфтам,
Дигар дил ҳама сӯи кин тофтам.
Равонам набояд, ки орад манӣ,
Бад андешаду кеши оҳарманӣ.
Шавам бадкуниш ҳамчу Заҳҳоку Ҷам,
Ки бо Туру Салм андароям ба ҳам.
Зи як сӯ зи Ковус дорам нажод,
Дигар сӯ зи Турон пур аз кину бод.
Чу Ковусу чун ҷоду Афросиёб,
Ки ҷуз рӯи кажжӣ надидӣ ба хоб.
Ба Яздон шавам ногаҳон носипос,
Ба равшанравон андарорам ҳарос.
Зи ман бугсилад фарраи эзадӣ,
Гироям ба кажживу нобихрадӣ.
В-аз он пас бар он тирагӣ бугзарам,
Ба хок андарояд сару афсарам.
Ба гетӣ бимонад зи ман номи бад,
Ҳамон пеши Яздон саранҷоми бад.
Табаҳ гардад ин рӯю ранги рухон,
Бипӯсад ба хок-андарун устухон.
Ҳунар кам шавад, носипосӣ ба ҷой,
Равон тира монад ба дигар сарой.
Гирифта касе тоҷу тахти маро,
Ба пой андароварда бахти маро.
Зи ман монда номи баде ёдгор,
Гули ранҷҳои куҳан гашта хор.
Ман акнун чу кини падар хостам,
Ҷаҳонро ба хубӣ биёростам,