Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

476. Пижӯҳиш кардани бузургон аз бор бастани Кайхусрав

Ҳама паҳлавонони эронсипоҳ Шигифте фурӯ монд аз кори шоҳ. Аз он номдорони рӯзи набард, Ҳаме ҳар яке дигар андеша кард. Чу бар тахт шуд номвар шаҳрёр, Биёмад ба даргоҳ солори бор. Бифармуд, то парда бардоштанд, Сипаҳро ба даргоҳ бугзоштанд. Бирафтанд бо дасти карда ба каш Бузургони аспафкану шерфаш. Чу Тусу чу Гударзу Геви далер Чу Гургину Бежан, чу Руҳҳоми шер. Чу Шедушу чун Зангаи Шоварон, Фарибурзу Густаҳму номоварон. Чу диданд, бурданд пешаш намоз, Аз он пас ҳама баркушоданд роз, Ки шоҳо, далеро, саро, сарваро, Ҷаҳондору бар меҳтарон меҳтаро, Чу ту шоҳ наншаст бар тахти оҷ, Фурӯғ аз ту гирад ҳама меҳру моҷ. Фарозандаи ҷавшану зину асп, Фурӯзандаи фаррух озаргушасп. Натарсӣ зи ранҷу нанозӣ ба ганҷ, Ба гетӣ зи ганҷат фузун аст ранҷ. Ҳама паҳлавонон туро бандаем, Саросар ба дидори ту зиндаем. Ҳама душманонро супурдӣ ба хок, Ба гетӣ намондат зи кас тарсу бок. Ба ҳар кишваре лашкару ганҷи туст, Ба ҷое ки пай барниҳӣ, ранҷи туст. Надонем, к-андешаи шаҳрёр Чаро тира гашт андар ин рӯзгор. Туро з-ин ҷаҳон рӯзи бархурдан аст, На ҳангоми тимору пажмурдан аст. Гар аз мо ба чизе биёзурд шоҳ, В-аз озори ӯ ҳаст моро гуноҳ, Бигӯяд ба мо, то дилаш х(в)аш кунем, Пур аз хун руху дил бар оташ кунем.