477. Хондани Эрониён Зол ва Рустамро
Чу як ҳафта бугзашту нанмуд рӯй,
Баромад басе ғулғулу гуфтугӯй.
Ҳама паҳлавонон шуданд анҷуман,
Бузургони фарзонаву ройзан.
Чу Гударзу чун Туси нӯзарнажод
Сухан рафт чанде зи бедоду дод.
Зи кирдори шоҳони бартарманиш,
Зи яздонпарастону аз бадкуниш
Ҳама достонҳо заданд аз меҳон
Бузургону фарзонагони ҷаҳон.
Падар Гевро гуфт, к-«Эй некбахт,
Ҳамеша парастандаи тоҷу тахт.
Аз Эрон басе ранҷ бардоштӣ,
Бару буму пайванд бугзоштӣ.
Ба пеш омад акнун яке тира кор,
Ки онро нашояд, ки дорем хор.
Бибояд шудан сӯи Зобулситон,
Саворе фиристӣ ба Кобулситон.
Ба Золу ба Рустам бигӯӣ, ки шоҳ
Зи Яздон бупечиду гум кард роҳ.
Дари бор бар номдорон бубаст,
Ҳамоно, ки бо дев дорад нишаст.
Басе хоҳишу пӯзиш оростам,
Ҳаме з-он сухан доди ӯ хостам.
Фаровон шунид, эч посух надод,
Дилаш хира бинему сар пур зи бод.
Битарсем, к-ӯ ҳамчу Ковусшоҳ
Шавад кажжу деваш бупечад зи роҳ.
Шумо паҳлавонеду донотаред,
Ба ҳар буданӣ-бар тавонотаред.
Кунун ҳар кӣ доред покизарой
Зи Қаннуҷ в-аз Данбару Марғу Мой.
Ситорашиносони Кобулситон
Ҳама покроёни Зобулистон.
Ба Эрон хиромеду бо хештан
Биёред аз ин дар яке анҷуман.
Шуд ин подшоҳӣ пур аз гуфтугӯй,
Чу пӯшид Хусрав зи мо рою рӯй