Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

478. Дар хоб дидани Кайхусрав Сурушро

Чу эшон бирафтанд, бедоршоҳ Бифармуд, то пардаи боргоҳ Фурӯҳишту биншаст дарбон ба дар Ба навмедӣ аз шоҳи пирӯзгар. Ҷаҳондор шуд пеши бартархудой, Ҳаме хост то бошадаш раҳнамой. Ҳаме гуфт, к-эй кирдгори сипеҳр, Фурӯзандаи некиву доду меҳр. Аз ин шаҳрёрӣ маро суд нест, Гар аз ман худованд хушнуд нест. Зи ман гар накӯиву гар рафт зишт, Нишасти маро ҷой деҳ дар биҳишт. Чунин панҷ ҳафта хурӯшон ба пой Ҳаме буд дар пеши бартар Худой. Шаби тира аз ранҷ нағнуд шоҳ Бад-он гаҳ, ки барзад сар аз чарх моҳ, Бихуфт ӯву равшан равонаш нахуфт, Ки андар ҷаҳон бо хирад буд ҷуфт. Чунон дид дар хоб, к-ӯро ба гӯш Нуҳуфта бигуфтӣ хуҷаста Суруш, Ки «Эй шоҳи некахтари некбахт, Бисуда басе ёраву тоҷу тахт. Кунун он чи ҷустӣ, ҳама ёфтӣ, Агар з-ин ҷаҳон тез биштофтӣ. Ба ҳамсоягӣ довари пок ҷой Биёбӣ, дар ин тирагӣ-дар мапой! Чу бахшӣ, ба арзониён бахш ганҷ, Касеро супор ин сарои сипанҷ. Тавонгар шавӣ, чунки дарвешро Навозиву ҳам мардуми хешро. Касе гардад эмин зи чанги бало, Ки ёбад раҳо з-ин дами аждаҳо. Ҳар он кас, ки аз баҳри ту ранҷ бурд, Чунон дон, ки ранҷ аз паи ганҷ бурд. Бубахшу ба арзониён бахш чиз, Ки эдар намонӣ ту бисёр низ. Сари тахтро подшоҳе гузин, Ки эмин шавад мӯр аз ӯ бар замин.