Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

479. Андарз кардани Зол Кайхусравро

Шашум ҳафтаро Золу Рустам ба ҳам Расиданд бе кому дил пур зи ғам. Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд, Ҳама доғдил пеш биштофтанд. Чу Рустам падид омаду Золи Зар, Ҳамон мӯбадони фаровонҳунар. Ҳар он кас, ки буд аз нажоди Зарасп, Пазира шуданро барангехт асп. Ҳама номдорони зарринакафш Бирафтанд бо ковиёнӣ дурафш. Чу Гударз пеши Таҳамтан расид, Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид. Сипоҳӣ ҳаме рафт рухсора зард Зи Хусрав ҳама дил пур аз доғу дард. Бигуфтанд бо Золу Рустам, ки «Шоҳ Ба гуфтори Иблис гум кард роҳ. Ҳама боргоҳаш сипоҳ асту бас, Шабу рӯз ӯро надидаст кас. Аз ин ҳафта то он дари боргоҳ Кушоянду пӯему ёбем роҳ. Ҷуз он аст Кайхусрав, эй паҳлавон, Ки дидӣ ту шодону равшанравон. Шуда кӯз болои сарви саҳӣ, Гирифта гули сурх ранги биҳӣ. Надонам, ки чашми бад омад бар ӯй, Чаро пажмурид он чу гулбарг рӯй. Магар тира шуд бахти эрониён, В-агар шоҳро з-ахтар омад зиён? В-агар дев бурдаст ӯро зи роҳ, Ба якборагӣ кард гетӣ табоҳ». Бад-эшон чунин гуфт Золи далер, Ки «Бошад, ки шоҳ омад аз гоҳ сер. Дурустиву ҳам дардмандӣ бувад, Гаҳе хушшиву гаҳ нажандӣ бувад. Шумо дил мадоред чандин ба ғам, Ки аз ғам шавад ҷони хурам дижам. Бигӯем бисёру пандаш диҳем, Ба панд ахтари судмандаш диҳем.