Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

480. Посух додани Кайхусрав Золро

Чу бишнид Хусрав зи Дастон сухун, Яке донишӣ посух афканд бун. Бад-ӯ гуфт, к-Эй пири покизамағз, Ҳама рою гуфторҳои ту нағз. Зи гоҳи Манучеҳр то ин замон Наӣ ҷуз беозору некигумон. Ҳам он номвар Рустами пилтан Сутуни каён, нозиши анҷуман Сиёвахшро парваронанда буд, Бад-ӯ некуиҳорасонанда буд. Сипоҳе ки диданд кӯполи ӯй, Бару миғфару шерфаш ёли ӯй, Басе ҷанг нокарда бугрехтанд, Дару дашт тиру камон рехтанд. Ба пеши ниёкони ман кинахоҳ Чу дастури фаррух намояндароҳ. В-агар номи ранҷи ту гирам ба ёд, Бимонад сухан тоза то сад нажод. Зи кирдори хуб ар пижӯҳиш бувад, Туро ин ситоиш накӯҳиш бувад. Дигар ҳар чӣ пурсидӣ аз кори ман, Зи нододани бору озори ман, Бигӯям туро ин сухан сар ба сар, Ки то ту бидонӣ ҳама дар ба дар. Ба Яздон яке орзу доштам, Ҷаҳонро ҳаме хор бугзоштам. Кунун панҷ ҳафта-ст, то ман ба пой Ҳаме хоҳам аз довари раҳнамой, Ки бахшад гузашта гуноҳи маро, Бияфрӯзад ин тира моҳи маро. Барад мар маро з-ин сарои сипанҷ, Намонад зи ман дар ҷаҳон дарду ранҷ. Набояд, к-аз ин ростӣ бугзарам, Чу шоҳони пешин бупечад сарам. Кунун ёфтам ҳарчи ҷустам зи ком, Бибояд басечид, к-омад хиром. Саҳаргаҳ маро чашм биғнуд дӯш, Зи Яздон биёмад хуҷаста суруш,