Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

481. Накӯҳиш кардани Зол Кайхусравро

Шунид ин сухан Золу бар пой хост, Чунин гуфт, к-«Эй хусрави роду рост, Зи пири ҷаҳондида бишнав сухун, Чу каж оварад рой, посух макун, Ки гуфтор талх аст бо ростӣ, Бубандад ба талхӣ дари костӣ. Набояд, ки озор гирӣ зи ман Аз ин ростӣ пеши ин анҷуман. Ба Туронзамин зодӣ аз модарат, Ҳам он ҷо буд орому обишх(в)арат. Зи як сӯ набера рад Афросиёб, Ки ҷуз ҷодувӣ шаб надидӣ ба хоб. Чу Ковуси дижхим дигар ниё, Пурожанг рух, дил пур аз кимиё. Зи Ховар варо буд то Бохтар Бузургиву шоҳиву тоҷу камар. Ҳаме хост, к-аз осмон бугзарад, Ҳамон гардиши ахтарон бишмарад. Бар он-бар басе пандҳо додамаш, Ҳамин талх гуфтор букшодамаш. Басе панд бишниду суде накард, Аз ӯ бозгаштам пур зи доғу дард. Чу бар шуд, нагун андаромад ба хок, Бубахшуд бар ҷон-ш Яздони пок. Биёмад ба Яздон шуда носипос Сари пур зи кину дили пурҳарос. Ту рафтиву шамшерзан сад ҳазор Зиреҳдор бо гурзаи говсор. Чу шери жиён сохта размро, Биёростӣ дашти Хоразмро. Зи пеши сипаҳ тез рафтӣ ба ҷанг, Пиёда шудӣ пеши ҷангӣ Пашанг. Гар ӯро будӣ бар ту-бар дастёб, Ба Эрон кашидӣ рад Афросиёб. Зану кӯдаки хурди эрониён Нарастӣ, набастӣ ба кин кас миён. Туро Эзад аз дасти ӯ раста кард, Бубахшуду рои ту пайваста кард.