482. Посух додани Кайхусрав ва пӯзиш кардани Зол
Чу Кайхусрав он гуфти эшон шунид,
Замоне барошуфту дам даркашид.
Ба андеша гуфт: «Эй ҷаҳондида Зол,
Ба мардӣ беандоза бишмурда сол.
Агар сард гӯям-т дар анҷуман,
Ҷаҳондор напсандад ин бад зи ман.
Дигар он ки Рустам шавад дардманд,
Зи дарди вай ояд ба Эрон газанд.
Дигар он ки гар бишнавам ранҷи ӯй,
Фузун ояд аз номвар ганҷи ӯй.
Сипар карда пешам тани хешро,
Набуд хобу хӯр з-ӯ бадандешро.
Ҳама посухатро ба хубӣ кунам,
Дилатро ба гуфтори бад нашканам.
Чунин гуфт Хусрав ба овози сахт,
Ки «Эй сарфарозони бедорбахт,
Суханҳои Дастон шунидам ҳама,
Ки бархонд онро ба пеши рама.
Ба доранда Яздони кайҳонхидев,
Ки дурам ман аз роҳу фармони дев.
Ба Яздон гирояд ҳаме ҷони ман,
Ки он дидам аз ранҷ дармони ман.
Бидид он ҷаҳонро дили равшанам,
Хурӯшад зи бадҳои ӯ ҷавшанам».
Ба Зол он гаҳе гуфт: «Тундӣ макун,
Бар андоза бояд, ки ронӣ сухун.
Нахуст он ки гуфтӣ зи туроннажод
Хирадманди бедор ҳаргиз назод.
Ҷаҳондор пури Сиёвуш манам,
Зи тухми каён шоҳи боҳуш манам.
Набера ҷаҳондор Ковуси Кай,
Дилафрӯз пурдонишу некпай.
Зи модар ҳам аз тухми Афросиёб,
Ки бо хашми ӯ гум шудӣ хурду хоб.
Набера Фаридуну пури Пашанг,
Аз ин гавҳарон худ маро нест нанг,
Ки шерони Эрон ба дарёи об
Нашустӣ тан аз бими Афросиёб