Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

483. Андарз кардани Кайхусрав ба эрониён

Чунин гуфт пас шоҳ бо Золи Зар Ки «Акнун бубандед яксар камар. Туву Рустаму Тусу Гударзу Гев, Дигар ҳар ки ӯ номдор асту нев, Саропарда аз шаҳр берун баред, Дурафши ҳумоюн ба ҳомун баред. Зи хиргоҳу аз хайма чандон, ки ҳаст, Бисозед бар дашт ҷои нишаст. Дурафши бузургону пилу сипоҳ, Бисозед равшан яке базмгоҳ!» Чунон кард Рустам, ки Хусрав бигуфт, Бибурданд пардасарой аз нуҳуфт. Ба ҳомун кашиданд эрониён, Ба фармон бубастанд яксар миён. Замин кӯҳ то кӯҳ пурхайма буд, Сапеду сиёҳу бунафшу кабуд. Миён-андарун ковиёнӣ дурафш, Ҷаҳон з-ӯ шуда сурху зарду бунафш Саропардаи Зол наздики шоҳ Кашиданд бар дашт пеши сипоҳ. Ба дасти чапаш Рустами паҳлавон, Зи Кобул бузургони равшанравон. Ба пеш-андарун Тусу Гударзу Гев, Дигар Бежану гурд Гургини Нев. Паси пушт Шопур бо Густаҳам, Бузургон, ки буданд бо ӯ ба ҳам. Шаҳаншоҳ бар тахти заррин нишаст, Яке гурзаи говпайкар ба даст. Ба як дасти шаҳ Золу Рустам ба ҳам Чу пили сарафрозу шери дижам. Ба дасти дигар Тусу Гударзу Гев, Чу Гургини Фарҳоду Шопури нев. Ниҳода ҳама чашм бар чеҳри шоҳ, Бад-он то чӣ гӯяд зи кори сипоҳ. Ба овоз гуфт он замон шаҳрёр, Ки «Эй номдорони мардони кор, Ҳар он кас, ки доранд рою хирад, Бидонанд, к-ин неку бад бугзарад.