484. ОТАШКАДА СОХТАНИ ЛӮҲРОСП БА БАЛХ
Чу Лӯҳросп биншаст бар тахти оҷ,
Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ,
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт,
Ниёиш варо дар физоиш гирифт.
Чунин гуфт, к-аз довари додпок
Пуруммед бошеду ботарсу бок.
Нигорандаи чархи гарданда ӯст,
Физояндаи фарраи банда ӯст.
Чу дарёву кӯҳу замин офарид,
Баланд осмон аз бараш баркашид.
Яке тез гардону дигар ба ҷой,
Ба ҷунбиш надодаш нигоранда пой.
Чу чавгон фалак, мо чу гӯ дар миён,
Ба ранҷем аз дасти суду зиён.
Ту шодондилу марг чанголтез
Нишаста чу шери жиён пурситез.
Зи озу фузунӣ ба як сӯ шавем,
Ба нодонии хеш хасту шавем.
Ҳар он кас, ки гирад мар ӯро ба чанг,
Нахоҳад ҷуз аз ромишу ною чанг.
Зи ман достон хоҳӣ аз достон,
Зи гуфтору кирдори он ростон.
Кунун бишнав аз марди деҳқони пир,
Суханҳо ҳама як ба як ёд гир.
Аз ин тоҷи шоҳиву тахти баланд
Наҷӯям ҷуз аз доду орому панд.
Магар баҳрамон з-ин сарои сипанҷ
Наёяд ҳаме кину нафрину ранҷ.
Ман аз панди Кайхусрав афзун кунам,
Зи дил кинаву оз берун кунам.
Бисозед в-аз дод бошед шод,
Таносону аз кин магиред ёд.
Меҳони ҷаҳон офарин хонданд,
Варо шаҳрёри замин хонданд.
Гаронмоя Лӯҳросп ором ёфт,
Хирад мояву ком пидром ёфт.
В-аз он пас фиристод касҳо ба Рум,
Ба Ҳинду ба Чину ба обод бум.