485. РАФТАНИ ГУШТОСП АЗ ПЕШИ ЛӮҲРОСП БА ХАШМ
Ду фарзанд будаш ба сони ду моҳ
Сазовори шоҳиву тахту кулоҳ.
Яке ном Гуштосп, дигар Зарир,
Ки зер оваридӣ сари наррашер.
Гузашта ба ҳар донише аз падар,
Зи лашкар ба мардӣ бароварда сар.
Ду шоҳи сарафрозу ду некпай
Набера ҷаҳондори Ковуси Кай.
Бад-эшон будӣ ҷони Лӯҳросп шод
В-аз эшон накардӣ зи Гуштосп ёд.
Аз он кор Гуштосп ношод буд,
Ки Луҳроспро сар пур аз бод буд.
Чунин то баромад бар ин рӯзгор,
Пур аз дард Гуштосп аз шаҳрёр.
Чунон буд, ки дар Порс як рӯз тахт
Ниҳоданд зери гулафшон дарахт.
Бифармуд Лӯҳросп, то меҳтарон
Бирафтанд чанде зи лашкар сарон.
Ба хон-бар яке ҷоми май хостанд,
Дили шоҳи гетӣ биёростанд.
Чу Гуштосп май хӯрд, бар пой хост,
Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи бододу рост,
Ба шоҳӣ нишасти ту фархунда бод,
Ҳамон ҷовидон номи ту зинда бод.
Туро дод Яздон кулоҳу камар,
Дигар тоҷи Кайхусрави додгар.
Кунун ман яке бандаам бар дарат,
Парастандаи афсару ахтарат.
Надорам касеро зи мардон ба мард,
Ки пеши ман ояд ба рӯзи набард.
Магар Рустами Золи Соми савор,
Ки бо ӯ насозад касе корзор.
Чу Хусрав зи гетӣ пурандеша гашт,
Туро дод тоҷу худ андаргузашт.
Гар эдун, ки ҳастам зи озодагон,
Маро ном кун тоҷу тахти каён.
Чунин ҳам бувад пеши ту бандавор,
Ҳаме бошаму хонамат шаҳрёр».