Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

486. БОЗОМАДАНИ ГУШТОСП БО ЗАРИР

Ҷаҳонҷӯй Гуштосп пуроб чашм Ҳаме ронд пеш - андарун пур зи хашм. Ҳаме тохт, то пеши Кобул расид, Дарахту гулу сабзаву об дид. Бад-он ҷои хуррам фуруд омаданд, Бибуданд як рӯзу дам барзаданд. Ҳама кӯҳсорон-ш нахчир буд, Ба ҷӯй обҳо чун маю шир буд. Шаби тира май хост аз майгусор, Бибурданд шамъ аз дари ҷӯйбор. Чу бифрӯхт аз кӯҳ гетифурӯз, Бирафтанд аз он беша бо бозу юз. Ҳаме тохт тез аз паси ӯ Зарир, Ба ҷое замоне наёсуд дер. Чу овози аспон баромад зи роҳ, Бирафтанд гурдон зи нахчиргоҳ. Чу бинҳод Гуштосп гӯш андар он, Чунин гуфт бо номвар меҳтарон, Ки «Ин ҷуз ба овози аспи Зарир Намонад, ки ӯ дорад овои шер. Ба танҳо наёмад, гар ӯ омадаст, Ки бо лашкари ҷангҷӯ омадаст». Ҳанӯз андарин буд, ки гарде бунафш Падид омаду пилпайкар дурафш. Зарири сипаҳбад ба пеши сипоҳ Чу боди дамон андаромад зи роҳ. Чу Гуштоспро дид, гирён бирафт, Пиёда бад-ӯ рӯй бинҳод тафт. Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт, Ба пеши бародар ниёиш гирифт. Гирифтанд мар якдигарро канор, Бирафтанд гирён дар он марғзор. Зи лашкар ҳар он кас, ки буд пешрав, Варо хондӣ шоҳ Гуштосп гав. Бихонданду наздик биншонданд, Зи ҳар ҷойгоҳе сухан ронданд. Чунин гуфт аз эшон яке номвар Ба Гуштосп, к-«Эй гурди зарринкамар,