Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

487. РАФТАНИ ГУШТОСП БА СӮИ РУМ

Шаби тира шабдези лӯҳроспӣ Биёварду бо зини гуштоспӣ. Бипӯшид зарбафту чиниқабой Зи тоҷ андаромехт парри ҳумой. Зи динор в-аз гавҳари шоҳвор Биёвард чандон, ки ояд ба кор. Аз Эрон сӯи Рум бинҳод рӯй, Падар гоҳҷӯву писар роҳҷӯй. Падар чун зи Гуштосп огоҳ шуд, Бупечиду шодиш кӯтоҳ шуд. Зариру ҳама бихрадонро бихонд, Зи Гуштосп чанде суханҳо биронд. Бад-эшон чунин гуфт, к-«Ин шермард Сари тоҷдорон дарорад ба гард. Чӣ бинеду инро чӣ дармон кунед, Нашояд, ки ин бар дил осон кунед». Чунин гуфт мӯбад, ки «Эй некбахт, Гиромӣ ба мардон бувад тоҷу тахт! Чу Гуштосп фарзанд касро набуд, На ҳаргиз кас аз номдорон шунуд. Зи ҳар сӯ бибояд фиристод кас Диловар бузургони фарёдрас. Гар ӯ боз гардад, ту зуфтӣ макун, Ҳунар ҷӯву бо оз ҷуфтӣ макун, Ки тоҷи каён чун набинад басе, Намонад ҳамон меҳри ӯ бар касе, Ба Гуштосп деҳ з-ин ҷаҳон лашкаре, Бинеҳ бар сараш номдор афсаре. Ҷуз аз паҳлавон Рустами номдор Ба гетӣ набинем чун ӯ савор. Ба болову фарҳангу дидору ҳуш Чун ӯ номвар низ нашнид гӯш». Фиристод Лӯҳросп чанде меҳон, Биҷустан гирифташ ба гирди ҷаҳон. Бирафтанду навмед бозомаданд, Ки бо ахтари дерсоз омаданд. Накӯҳиш бад-он бахши Лӯҳросп буд, Ғаму ранҷи тан баҳри Гуштосп буд.