488. РАСИДАНИ ГУШТОСП БА РУМ
Чу Гуштосп наздики дарё расид,
Пиёда бишуд, божхоҳаш бидид.
Яке пирсар буд Ҳайшуй ном,
Ҷавонмарди бедору бофарру ком.
Бар ӯ офарин кард Гуштоспу гуфт,
Ки «Бо ҷони покат хирад бод ҷуфт!
Аз Эрон яке номдорам дабир,
Хирадманду равшандилу ёдгир.
Ба киштӣ ба ин об агар бугзарам,
Сипосе ниҳӣ ҷовидон бар сарам.»
Бад-ӯ гуфт: шоистаӣ тоҷро,
Дигар ҷавшану хӯду тороҷро.
Кунун роз букшову бо ман бигӯй,
Аз ин сон ба дарё гузаштан маҷӯй.
Маро ҳадя бояд, дигар гуфт рост
Туро рою рӯи дабирӣ куҷост.
Зи Ҳайшуй бишнид Гуштосп, гуфт,
Ки «Аз ту маро нест чизе нуҳуфт.
Зи ман ҳарчи хоҳӣ, надорам дареғ
Аз ин афсару аспу динору теғ».
Зи динор лахте ба Ҳайшуй дод,
Аз он ҳадя шуд марди гиранда шод.
Зи киштӣ сабук бодбон баркашид,
Ҷаҳонҷӯйро сӯи хушкӣ кашид.
Яке шорсон буд ба Рум-андарун,
Се фарсанг болои шаҳраш фузун.
Баровардаи Салм, ҷои бузург,
Нишастангаҳи қайсарони сутург.
Чу Гуштосп омад бар он шорсон,
Ҳаме ҷуст ҷое дар он корсон.
Ҳаме гашт як ҳафта дар гирди Рум,
Ҳаме кор ҷуст андар обод бум.
Чу чизе ки будаш, бихӯрду бидод,
Ҳаме рафт ношоду лаб пур зи бод.
Чу дар шаҳри обод чанде бигашт,
Аз айвон ба девони Қайсар гузашт.
Ба усқуф чунин гуфт, к-«Эй дастгир,
Зи Эрон яке номҷӯям дабир.