489. БУРДАНИ ДЕҲҚОНЕ ГУШТОСПРО ДАР ХОНАИ ХЕШ
Ҳаме буд Гуштосп дилдардманд,
Хурӯшону ҷӯшон зи чархи баланд.
Наёмад зи гетиш ҷуз заҳр баҳр,
Яке русто дид наздики шаҳр.
Дарахту гулу обҳои равон,
Нишастангаҳи шод, марди ҷавон.
Дарахте гашан соявар пеши об,
Ниҳон гашта з-ӯ чашмаи офтоб.
Бад-он соя биншаст марди ҷавон,
Пур аз дард, печону тираравон.
Ҳаме гуфт, к-«Эй довари кирдгор,
Ғам омад маро баҳра аз рӯзгор.
Бубинам ҳаме ахтари хеш бад,
Надонам чаро бар сарам бад расад?»
Яке номвар з-он писандида деҳ
Гузар кард бар вай, чу ӯ буд меҳ.
Варо дид бо дидагон пур зи хун,
Ба зери занах даст карда сутун.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй зодмарди ҷавон,
Чароӣ пур аз дарду тираравон?
Агар з-эдар оӣ ба айвони ман,
Бувӣ шод якчанд меҳмони ман.
Магар к-ин ғамон бар дилат кам шавад,
Сари тири мижгон-т бенам шавад».
Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй номҷӯй,
Нажоди ту аз кист, бо ман бигӯй?»
Чунин дод посух варо кадхудой,
К-«Аз ин пурсиш акнун туро чист рой?
Ман аз тухми шоҳ Офаридуни гурд,
Ки он тухма андар ҷаҳон нест хурд».
Чу бишнид Гуштосп, бардошт пой,
Ҳаме рафт бо номвар кадхудой.
Чу он меҳтар омад сӯи хони хеш,
Ба меҳмон биёрост айвони хеш.
Ба сони бародар ҳаме дошташ,
Замоне ба ноком нагзошташ.
Замона бар ин низ чанде бигашт,
Бар ин кор-бар моҳиён баргузашт.