490. ДОСТОНИ КАТОЮН-ДУХТАРИ ҚАЙСАР
Чунон буд Қайсар бад-он гаҳ ба рой,
Ки чун духтари ӯ расидӣ ба ҷой,
Чу гаштӣ баландахтару ҷуфтҷӯй,
Бидидӣ, ки омад-ш ҳангоми шӯй,
Яке гирд кардӣ ба кох анҷуман,
Бузургони фарзонаву ройзан.
Ҳар он кас, ки будӣ мар ӯро ҳамол
В-аз он номдорон бароварда ёл,
Ба кохи падар духтари моҳрӯй
Бигаштӣ бар он анҷуман ҷуфтҷӯй.
Парастанда будӣ ба гирд-андараш,
Ки мардум надидӣ баланд афсараш.
Паси пардаи Қайсар он рӯзгор
Се духтар будаш чун гул андар баҳор.
Ба болову дидору оҳистагӣ,
Ба рою ба шарму ба шоистагӣ.
Яке буд меҳтар, Катоюн ба ном,
Хирадманду равшандилу шодком.
Катоюн чунон дид як шаб ба хоб,
Ки равшан шудӣ кишвар аз офтоб.
Яке анҷуман мард пайдо шудӣ,
Ба анбӯҳи мардум сурайё шудӣ.
Дар он анҷуман буд бегонае,
Ғарибе, дилозурда фарзонае.
Ба болой сарву ба дидор моҳ,
Нишастан-ш чун бар сари гоҳ шоҳ.
Яке даста додӣ Катоюн бад-ӯй,
Аз ӯ бистадӣ дастаи рангу бӯй.
Ба шабгир чун бардамид офтоб,
Сари номдорон баромад зи хоб.
Яке анҷуман кард Қайсар бузург,
Ҳар он кас, ки буд аз бузургу сутург.
Бар он анҷуман шод биншонданд,
В-аз он пас паричеҳраро хонданд.
Катоюн бишуд бо парастор шаст,
Яке дастаи тозанаргис ба даст.
Ҳаме гашт чандон ки омад сутӯҳ,
Писандаш наёмад яке з-он гӯрӯҳ.