491. ДОДАНИ ҚАЙСАР КАТОЮН ГУШТОСПРО
Чу бишнид Қайсар, бар он барниҳод,
Ки духти гиромӣ ба Гуштосп дод.
Бад-ӯ гуфт: «Бо ӯ бирав ҳамчунин,
Наёбӣ зи ман ганҷу тоҷу нигин».
Чу Гуштосп он дид, хира бимонд,
Ҷаҳонофаринро фаровон бихонд.
Чунин гуфт бо духтари сарфароз,
Ки «Эй парварида ба нозу ниёз,
Зи чандин сару афсари номдор
Чаро кард роят маро хостор?
Ғарибе ҳаме баргузидӣ, ки ганҷ
Наёбиву бо ӯ бимонӣ ба ранҷ.
Аз ин сарфарозон ҳамоле биҷӯй,
Ки бошад-т назди падар обрӯй».
Катоюн бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадгумон,
Машав тез бо гардиши осмон.
Чу ман бо ту хурсанд бошам ба бахт,
Ту афсар чаро ҷӯиву тоҷу тахт?»
Бирафтанд аз айвони Қайсар бадард
Катоюну Гуштосп бо боди сард.
Ба наздики он марди деҳқон шуданд,
Дижамгаштаву зору печон шуданд.
Сарое бипардохт меҳтар ба деҳ,
Зи густарданиҳо бибурд, он чи беҳ.
Чунин гуфт бо шӯю зан кадхудой,
Ки «Хурсанд бошеду фархундарой!»
Чу он дид Гуштосп, кард офарин
Бар он меҳрубон меҳтари покдин.
Катоюн беандоза пероя дошт,
Зи ёқуту ҳар гавҳаре моя дошт.
Яке гавҳаре аз миён баргузид,
Ки чашми хирад низ чун он надид.
Бибурданд наздики гавҳаршинос,
Пазируфт аз андоза берун сипос.
Баҳо дод ёқутро шаш ҳазор
Зи динору зар он чи ояд ба кор.
Хариданд чизе, ки шоиста буд,
Бад-он рӯй чизе ки боиста буд.