492. ХОСТАНИ МИРИН ДУХТАРИ ДИГАРРО АЗ ҚАЙСАР
Яке румие буд, Мирин ба ном
Сарафроз бо ганҷу бо рою ком.
Фиристод наздики Қайсар паём,
Ки ман сарфарозам ба ганҷу ба ном.
Ба ман деҳ диланҷом духтар-тро
Ба ман тоза кун ному афсар-тро».
Бад-ӯ гуфт Қайсар, ки «Ман з-ин сипас
Наҷӯям бар ин рӯй пайванди кас.
Катоюну он марди носарфароз
Маро доштанд аз чунин кор боз.
Кунун ҳар кӣ ҷӯяд зи хешии ман,
В-агар сар фарозад ба пешии ман,
Яке кор бояд-ш кардан бузург,
Ки хонандаш андар бузургон сутург.
Ҳам ӯ дар ҷаҳон номдоре бувад.
Маро дар ҷаҳон низ ёре бувад.
Шавад то сари бешаи Фосқун
Бишӯяд дилу мағзу дасташ ба хун.
Яке гург бинад ба кирдори пил,
Тани аждаҳо дораду зӯри Нил.
Сурин дораду неш ҳамчун гуроз,
Наёрад шудан пил пешаш фароз.
Бар он беша-бар нагзарад наррашер,
На пилу на бабру на марди далер.
Ҳар он кас, ки бар вай бидаррид пӯст,
Маро бошад ӯ ёру домоду дӯст».
Чунин гуфт Мирин: «Бар ин зодбум
Ҷаҳонофарин то пай афканд Рум,
Ниёкони мо ҷуз ба гурзи гарон
Накарданд пайкор бо меҳтарон.
Кунун Қайсар аз ман чӣ ҷӯяд ҳаме,
Чунин бо ман аз кина гӯяд ҳаме?
Ман ин чора акнун ба ҷой оварам,
Зи ҳар гуна покиза рой оварам».
Биёмад ба айвон писандида мард,
Зи ҳар гуна андешаҳо ёд кард.
Набишта биёвард, бинҳод пеш,
Ҳамон ахтару толеъи соли хеш.