Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

493. КУШТАНИ ГУШТОСП ГУРГРО

Чу наздик шуд бешаву ҷои гург, Битарсид Мирин зи гурги сутург. Ба Гуштосп бинмуд з-ангушти рост, Ки он аждаҳоро нишеман куҷост? Аз ӯ боз гаштанд ҳарду бадард, Пур аз хун дилу дида пуроби зард. Чунин гуфт Ҳайшуй, к-«Он сарфароз Чунон шуд, ки низаш набинем боз. Дареғ он бару бозуву ёли ӯй, Дареғ он дилу зӯри гӯполи ӯй». Чу Гуштосп наздики он беша шуд, Дили размсозаш пурандеша шуд. Фуруд омад аз бораи сарфароз, Ба пеши ҷаҳондор бурдаш намоз. Ҳаме гуфт, к-«Эй пок парвардгор, Фурӯзандаи гардиши рӯзгор, Ту бошӣ бар ин дад маро дастгир, Бубахшой бар ҷони Лӯҳроспи пир. Агар бар ман ин аждаҳои бузург, Ки хонад варо нохирадманд гург, Шавад подшо, чун падар бишнавад, Хурӯшон шавад, з-он сипас нағнавад. Бимонад бар ин дард чун беҳушон, Ба ҳар сӯ хурӯшону ҷӯё нишон. В-агар ман шавам з-ин дади бад сутӯҳ, Намонам ман аз шарм пеши гурӯҳ». Бигуфт ину бар борагӣ барнишаст, Хурӯшону шамшери салмӣ ба даст. Камонро ба зеҳ-бар ба бозу-дарун, Ҳаме рафт бедор, дил пур зи хун. Зи раҳ чун ба танг андаромад савор, Биғуррид бар сони абри баҳор. Чу гург аз дари беша ӯро бидид, Хурӯше ба абри сияҳ баркашид. Бидаррид рӯи заминро ба чанг Абар гунаи шеру ҷангӣ паланг. Чу Гуштосп он аждаҳоро бидид, Камонро бимолиду андаркашид.