494. Бидидӣ ба хоб-андарун разми гург
Ба кирдори нараждаҳои сутург.
Катоюн бад-ӯ гуфт: «Имшаб чӣ буд,
Ки ҳазмон битарсӣ чунин нобисуд?»
Чунин дод посух, ки «Ман бахти хеш
Бидидам ба хоб-андарун тахти хеш».
Катоюн бидонист, к-ӯро нажод
Зи шоҳе бувад якдилу якниҳод.
Бузург асту бо ӯ нагӯяд ҳаме,
Ба Қайсар бузургӣ наҷӯяд ҳаме.
Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй моҳрӯй,
Саҳиқадду симинбару мушкбӯй,
Биёрой, то мо ба Эрон равем,
Аз эдар ба ҷои далерон шавем.
Бубинӣ бару буми фархундаро,
Ҳамон шоҳи бододу бахшандаро».
Катоюн бад-ӯ гуфт: «Хира магӯй,
Ба тезӣ чунин роҳи рафтан маҷӯй.
Чу з-эдар ба Эрон ниҳӣ рӯйро,
Ҳамовоз кун пеш Ҳайшуйро.
Магар бугзаронад ба киштӣ туро,
Ҷаҳон тоза шуд, чун гузаштӣ, туро.
Ман эдар бимонам ба ранҷи дароз,
Надонам, ки кай биманат низ боз».
Ба норафта дар ҷома гирён шуданд,
Абе оташ аз дард бирён шуданд.
Чу аз чарх бифрӯхт гарданда шед,
Ҷавонони бедордил пурумед
Аз он ҷомаи нарм бархостанд,
Зи ҳар гунае гуфтан оростанд,
Ки то чун равад бар сари мо сипеҳр
Ба тундӣ гирояд ҷаҳон гар ба меҳр?
В-аз он рӯй чун бод Мирин бирафт,
Ба наздики Қайсар хиромид тафт.
Чунин гуфт, к-«Эй номдори бузург,
Ба поён расид он зиёнҳои гург.
Ҳама беша сар то сар он аждаҳост,
Ту низ ар шигифтӣ бубинӣ, равост.
Биёмад дамон, кард оҳанги ман,