Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

495. БА ЗАНӢ ХОСТАНИ АҲРАН ДУХТАРИ СЕЮМИ ҚАЙСАРРО

Зи Мирин яке буд кеҳтар ба сол Зи гурдони румӣ бароварда ёл. Гави пурманиш номи ӯ Аҳрано Зи тухми бузургону рӯинтано. Фиристод наздики Қайсар паём, Ки «Эй номвар меҳтари некном, Зи Мирин ба ҳар гавҳаре бугзарам, Ба ганҷу ба теғу ҳунар бартарам. Ба ман деҳ кунун духтари кеҳтарат, Ба ман тоза кун кишвару афсарат». Чунин дод посух, ки «Паймони ман Шунидӣ магар бо ҷаҳонбони ман? Ки домод нагзинад ин духтарам, Зи роҳи ниёкони худ бугзарам. Чу Мирин яке кор бояд-т кард В-аз он пас ту бошӣ маро ҳамнабард. Ба кӯҳи Сақило яке аждаҳост, Ки кишвар ҳамасола з-ӯ дар балост. Агар кам кунӣ аждаҳоро зи Рум, Супорам ба ту духтару ганҷу бум, Ки ҳамтои он гурги шеравжан аст, Дами заҳри ӯ доми оҳарман аст». Чунин дод посух, ки «Фармон кунам, Бад-ин орзу ҷон гаравгон кунам». Ба ёрон чунин гуфт, к-«Ин захми гург Набуд ҷуз ба шамшери марди сутург, Зи Мирин кай ояд чунин коркард, Надонад ҳаме Қайсар аз мард мард. Шавам з-ӯ бипурсам, бигӯяд магар Зи чора чӣ кардаст он чорагар.» Бишуд то ба айвони Мирин чу гард, Парастандае рафту огоҳ кард. Нишастангаҳе дошт Мирин, ки моҳ Ба гардун надорад чунин ҷойгоҳ. Ҷаҳонҷӯй бо кабри кундоварӣ, Яке афсаре бар сараш қайсарӣ. Парастанда гуфт, Аҳрани пилтан Биёмад ҳаме бо яке анҷуман.