496. Фуруд омад аз асп ҷангисавор
Маю хӯрданӣ хост аз номдор.
Ҳаме тез бикшуд Ҳайшуй лаб,
Ки «Шодӣ кун, эй номвар рӯзу шаб.
Нигаҳ кун бар ин гурди қайсарнажод,
Ки гардуни гардон бад-ӯй аст шод.
Ҳам аз тухмаи қайсарон аст низ,
Ҳамаш фарраву ганҷу ном асту чиз.
Ба домодии Қайсар омад-ш рой,
Ҳаме хоҳад ин корро раҳнамой.
Чун ӯ нест ҷуз қайсаронро ҳамол,
Ҷавонест бо фарру бо бурзу ёл.
Аз ӯ хост як духту посух шунид,
Кунун чораи дигар омад падид.
Ҳаме гӯядаш аждаҳогир бош,
Гар аз хешии Қайсар ожир бош.
Ба пеши гаронмоягон рӯзу шаб
Ба ҷуз номи Мирин надорад ба лаб.
Ҳар он кас, ки ӯ ҳаст зебои тахт,
Бихоҳад, ки монад бад-ӯ ному бахт.
Яке бурзкӯҳ аст, аз эдар на дур,
Ҳама ҷои хӯрдан буду кому сур.
Яке аждаҳо бар сари теғи кӯҳ,
Аз ӯ мардуми Рум яксар сутӯҳ.
Ҳаме з-осмон каргас андаркашад,
Зи дарё наҳанги дижам баркашад.
Ҳаме дуду заҳраш бисӯзад замин,
Нахоҳад бад-он марз чарх офарин.
Гар ӯ кушта ояд ба дасти ту - бар,
Шигифтӣ шавад дар ҷаҳон сар ба сар.
Агар ёварат покяздон бувад,
Ба коми ту хуршед гардон шавад.
Бар ин бурзу болову ин зӯри даст
Кунӣ аждаҳоро ба шамшер паст».
Бад-ӯ гуфт: «Рав, ханҷаре кун дароз
Або даст болош чун панҷа боз.
Зи ҳар сӯш бар сони дандони мор
Синоне бар ӯ руста бар сони хор.
Ҳаме об дода ба заҳр - андарун