497. КУШТАНИ ГУШТОСП АЖДАҲОРО ВА ДОДАНИ ҚАЙСАР ДУХТАРИ ХУДРО БА АҲРАН
Бишуд Аҳрану ҳарчи Гуштосп хост,
Биёвард, чун корҳо гашт рост.
Зи дарё ба зин андаровард пой,
Бирафтанд ёрон-ш бо ӯ зи ҷой.
Чу Ҳайшуй кӯҳи Сақило бидид,
Ба ангушт бинмуду дам даркашид.
Чу хуршед барзад синон аз фароз,
Худу Аҳран аз роҳ гаштанд боз.
Ҷаҳонҷӯй дар пеши он кӯҳ буд,
Ки ороми он мори настӯҳ буд.
Ҷавон пеши зин андаровехт тарг,
Ба дил кард осон дами мору марг.
Ҳаме рафт Гуштосп то пеши кӯҳ,
Яке наъра зад, к-аждаҳо шуд сутӯҳ.
Чу он аждаҳо бурзи ӯро бидид,
Ба дам сӯи хешаш ҳаме даркашид.
Бар ӯ тир борид ҳамчун тагарг,
Чунон чун бирезад зи гулнор барг.
Чу танг андаромад бараш аждаҳо,
Ҳаме ҷуст марди ҷавон з-ӯ раҳо.
Сабук ханҷар андар даҳонаш ниҳод,
Зи додори некидиҳиш кард ёд.
Бизад тез дандон бар он ханҷараш,
Ҳама теғҳо шуд ба ком-андараш.
Ҳаме рехт з-ӯ заҳр, то гашт суст,
Ба заҳру ба хун кӯҳ яксар бишуст.
Ба шамшер бурд он замон даст шер,
Бизад бар сари аждаҳои далер.
Ҳаме рехт мағзаш бар он санги сахт,
Зи асп андаромад гави некбахт.
Биканд аждаҳоро ду дандон нахуст
В-аз он ҷо биёмад, сару тан бишуст.
Хурӯшон биғалтид бар хок-бар
Ба пеши худованди пирӯзгар,
Ки ӯ додаш он дастгоҳи бузург
Бар он гургу он аждаҳои сутург.
Ҳаме гуфт: «Лӯҳроспу фаррух Зарир
Шуданд аз тану ҷони Гуштосп сер.