Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

498. ҲУНАР НАМУДАНИ ГУШТОСП ДАР МАЙДОН

Яке манзаре буд ба айвони хеш, Бароварда чун тахти рахшони хеш. Ба майдон шудандӣ ду домоди ӯй, Биёростандӣ дили шоди ӯй. Ба тиру ба чавгону захми синон Ба ҳар донише гирд карда инон, Ҳаме тохтандӣ чапу дасти рост, Ту гуфтӣ саворӣ ба эшон сазост. Чунин то баромад бар ин рӯзгор Биёмад Катоюни омӯзгор. Ба Гуштосп гуфт: «Эй нишаста дижам, Чӣ дорӣ ба андеша дилро ба ғам? Ба Рум аз бузургон ду меҳтар буданд, Ки бо тоҷу бо ганҷу афсар буданд. Яке он ки нараждаҳоро бикушт, Фаровон бало диду нанмуд пушт. Дигар он ки бар гург бидрид пӯст, Ҳама Рум яксар пуровои ӯст. Ба майдони Қайсар ба нангу набард Ҳамон б-осмон-андар оранд гард. Назора шав он ҷо, ки Қайсар бувад, Магар бар дилат ранҷ камтар бувад». Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй хубчеҳр Зи Қайсар маро кай бувад ёду меҳр? Туро бо ман аз шаҳр берун кунад, Чу бинад маро, мардумӣ чун кунад? Валекин туро гар чунин аст рой, Напечам зи рои ту, эй раҳнамой». Бифармуд, то барниҳоданд зин Бар аспе, ки андарнавардад замин. Биёмад, ба майдони Қайсар расид, Ҳаме буд, то захми чавгон бидид, Аз эшон яке гӯю чавгон бихост, Миёни саворон - дар андохт рост. Барангехт он борагиро зи ҷой, Ялонро ҳама суст шуд дасту пой. Ба майдон яке низ гӯяш надид, Шуд аз захми ӯ дар ҳаво нопадид.