Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

499. НОМАИ ҚАЙСАР БА ИЛЁС ВА БОЖ ХОСТАН АЗ Ӯ

Ба Қайсар Хазар буд наздиктар В-аз эшон будаш рӯз ториктар. Ба марзи Хазар меҳтар Илёс буд, Ки пури ҷаҳондида Меҳрос буд. Ба Илёс Қайсар яке нома кард, Ту гуфтӣ, ки хун бар сари хома кард. Ки чанде ба афсӯс хӯрдӣ Хазар, Кунун рӯзи шодит омад ба сар. Кунун сов бифристу божи гарон, Гаравгон аз он марз чандон сарон. Вагарна Фарухзод чун пили маст Биёяд, кунад рӯи кишвар чу даст». Чу Илёс бархонд он номаро, Ба заҳр об барзад сари хомаро. Чунин дод посух, ки «Чандин ҳунар Набудӣ ба Рум - андарун пештар. Агар ман нахоҳам ҳаме божи Рум, Шумо шод бошед аз он марзу бум. Чунин дил гирифтед аз ин як савор, Ки назди шумо ёфт ӯ зинҳор. Чунон дон, ки ӯ доми оҳарман аст В-агар кӯҳи оҳан, ҳамон як тан аст. Ту ӯро бад-ин ҷанг ранҷа макун, Ки ман бо дарозӣ намонам сухун». Сухан чун ба Мирину Аҳран расид, Зи Илёсу он дом, к-ӯ густарид, Фиристод Мирин ба Қайсар паём, Ки «Ин аждаҳо нест, к-ояд ба дом. На гург аст, к-аз чора беҷон шавад В-аз олудани заҳр печон шавад. Чу Илёс дар ҷанг хашм оварад, Ҷаҳонҷӯйро хун ба чашм оварад. Нигаҳ кун кунун, к-он сазовор мард Аз ӯ чанд печад ба дашти набард». Ғамӣ гашт Қайсар зи гуфторашон, Бипажмурд аз он тирабозорашон. Фарухзодро гуфт: «Пурмояӣ, Сари Румро ҳамчу перояӣ.