500. РАЗМИ ГУШТОСП БО ИЛЁС ВА КУШТА ШУДАНИ ИЛЁС
Чу хуршед аз парда огоҳ шуд,
Зи бурҷи камон бар сари гоҳ шуд.
Бибуд кишвари Рум чун сандарус,
Зи ҳар сӯ баромад дами ною кӯс.
Чакочок бархост аз ҳарду рӯй,
Зи хун шуд ҳама размгаҳ ҳамчу ҷӯй.
Биёмад сабук Қайсар аз маймана,
Ду домодро кард пеши буна.
Абар майсара пури Қайсар Сақил,
Абар маймана Қайсару кӯсу пил.
Деҳодеҳ баромад зи ҳар ду сипоҳ,
Ту гуфтӣ баровехт бо шед моҳ.
Биҷунбид Гуштосп аз пеши саф,
Наҳанге ба зер, аждаҳое ба каф.
Чунин гуфт Илёс бо анҷуман,
Ки «Қайсар аз он бож хоҳад зи ман,
Ки бар дар чунин аждаҳо бошадаш,
Азеро чунин ройҳо оядаш».
Чу Гуштосп Илёсро дид, гуфт,
Ки «Акнун ҳунарҳо набояд нуҳуфт».
Барангехтанд асп ҳарду савор
Або найзаву тири ҷавшангузор.
Чу аз тир Илёс букшод даст,
Ки Гуштосп аз он хаста гардад, нахаст.
Бизад найза Гуштосп бар ҷавшанаш,
Бихаст он замон корзорӣ танаш.
Бияфкандаш аз асп бар сони маст,
Биёзиду бигрифт дасташ ба даст.
Зи пеши саворон кашонаш бибурд,
Чу танг андаромад, ба Қайсар супурд.
Биёвард лашкар ба пеши сипоҳ
Ба кирдори бод андаромад зи роҳ.
Зи эшон чи моя бикушту гирифт,
Ҷаҳоне бад-ӯ монда андар шигифт.
Чу румӣ пас - андар ҳамовоз гашт,
Нигаҳ кард Гуштосп худ бозгашт.
Бари Қайсар омад сипаҳ тохта,
Ба пирӯзиву гардан афрохта.