Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

501. БОЖИ ЭРОН ХОСТАНИ ҚАЙСАР АЗ ЛӮҲРОСП

Бар ин низ бугзашт чанде сипеҳр Ба дил-дар ҳаме дошт, нанмуд чеҳр. Ба Гуштосп Қайсар чунин гуфт боз, Ки «Эй номвар меҳтари сарфароз, Барандеш бо ин сухан дар хирад, Ки андеша аз ин сухан нагзарад. Ба Эрон фиристам фиристодае Ҷаҳондидае пок, озодае. Ба Лӯҳросп гӯяд, ки ними ҷаҳон Ту дорӣ ба орому ганҷи меҳон. Агар бож бифристӣ аз марзи хеш, Бубинӣ сари мояву арзи хеш. Вагарна сипоҳе фиристам зи Рум, Ки аз наъл пайдо набинӣ ту бум». Чунин гуфт Гуштосп, к-«Ин рои туст Замона ба зери кафи пои туст». Яке номвар буд Қолус ном, Хирадманду бодонишу рою ком. Бихонд он хирадмандро номдор, К-аз эдар бирав то дари шаҳрёр, Бигӯяш, ки гар божи Эрон диҳӣ, Ба фармон гироиву гардан ниҳӣ, Ба Эрон бимонам ба ту тоҷу тахт, Ҷаҳондор бошиву пирӯзбахт. Вагарна ҳам акнун сипоҳи гарон Ҳам аз Рум в-аз дашти найзаварон, Нигаҳ кун, ки бархезад аз дашт ғав, Фарухзоди пирӯзашон пешрав. Ҳама буматон пок вайрон кунам, Куноми палангону шерон кунам. Фиристода омад ба кирдори бод, Сараш пурхирад буду дил пур зи дод. Чу омад ба наздики шоҳи бузург, Бидид он дару боргоҳи сутург. Чу огоҳӣ омад ба солори бор, Хиромон биёмад бари шаҳрёр, Ки «Пири ҷаҳондидае бар дар аст, Ҳамоно фиристодаи Қайсар аст.