502. БУРДАНИ ЗАРИР ПАЙҒОМИ ЛӮҲРОСП БА ҚАЙСАР
Пурандеша биншаст Лӯҳросп дер,
Бифармуд, то пеши ӯ шуд Зарир.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин ҷуз бародар-т нест,
Бад-ин чора биштобу эдар маист.
Диранг оварӣ, кор гардад табоҳ,
Маёсою аспи дирангӣ махоҳ.
Бубар тахту болову зарринакафш,
Ҳамон тоҷ бо коваёнӣ дурафш.
Ман ин подшоҳӣ мар ӯро диҳам,
На з-ин бар сараш бар сипоҳе ниҳам.
Ту з-эдар бирав то Ҳалаб чораҷӯй,
Сипаҳро ҷуз аз ҷанг чизе магӯй».
Зарири ситуда ба Лӯҳросп гуфт,
Ки «Ин роз берун кунам аз нуҳуфт.
Гар ӯй аст фармонбару меҳтар аст,
Варо, ҳар кӣ меҳтар бувад, кеҳтар аст»,
Бигуфт ин суханрову барсохт кор,
Гузида яке лашкари номдор.
Набера бузургону озодагон,
Зи Ковусу Гударзи Кашводагон,
Зи тухми Зарасп он ки буданд низ
Чу Баҳроми шеравжану Ревниз,
Набера сарафроз Геви далер,
Ҷаҳонгир Ширӯяву Ардашер,
Ду шери гаронмоя Бежаннажод,
Ду гурди сарфрозу ду покзод.
Ҳаме рафт ҳар меҳтаре бо ду асп
Фурӯзон ба кирдори озаргушасп.
Наёсуд кас то ба марзи Ҳалаб
Ҷаҳон шуд пур аз шӯри санҷу ҷалаб.
Дурафши Ҳумоюн барафрохтанд,
Саропардаву хаймаҳо сохтанд.
Зарири сипаҳбад сипаҳро бимонд
Ба Баҳроми гарданкашу худ биронд.
Ба сони касе к-ӯ паёме барад
Ва ё назди шоҳон хироме барад.
Аз он вижагон панҷ танро бибурд,
Ки буданд бомағзу ҳушёру гурд.