503. БОЗРАФТАНИ ГУШТОСП БО ЗАРИР БА ЭРОНЗАМИН ВА ДОДАНИ ЛӮҲРОСП ТАХТИ ЭРОН ӮРО
Чу бархост Қайсар, ба Гуштосп гуфт,
Ки «Посух чаро мондӣ андар нуҳуфт?»
Бад-ӯ гуфт Гуштосп: «Ман пеш аз ин,
Ки будам бари шоҳи Эронзамин,
Ҳама лашкари шоҳу он анҷуман
Ҳама огаҳанд аз ҳунарҳои ман.
Ҳамон беҳ, ки ман сӯи эшон шавам,
Бигӯям, ҳаме гуфтаҳо бишнавам.
Барорам аз эшон ҳама коми ту,
Дурафшон кунам дар ҷаҳон номи ту».
Бад-ӯ гуфт Қайсар: «Ту донотарӣ,
Бар ин орзуҳо тавонотарӣ».
Чу бишнид Гуштосп гуфтори ӯй,
Нишаст аз бари бораи роҳҷӯй.
Биёмад ба назди бародар Зарир
Ба сар афсару бодпое ба зер.
Чу лашкар бидиданд Гуштоспро
Сарафрозтар пури Лӯҳроспро,
Пиёда ҳама пеши ӯ омаданд,
Пур аз дарду пуроб рӯ омаданд.
Ҳама пок бурданд пешаш намоз,
Ки кӯтоҳ шуд ранҷҳои дароз.
Ҳамон гаҳ биёмад ба пеши Зарир,
Пиёда бибуду шуд аз ранҷ сер.
Гиромишро танг дар бар гирифт,
Чу букшод лаб, пӯзиш андаргирифт.
Нишастанд бар тахт бо меҳтарон,
Бузургони Эрону кундоварон.
Зарири ҳуҷаста ба Гуштосп гуфт,
Ки «Бодӣ ҳама сол бо тахт ҷуфт.
Падар пирасар шуд, ту барнодилӣ,
Зи дидори пирон чаро бугсилӣ?
Ба пирӣ бар он тахт бирён шудаст,
Парастандаи покяздон шудаст.
Фиристод наздики ту тоҷу ганҷ,
Сазад, гар надорӣ кунун тан ба ранҷ.
Чунин гуфт, к-Эрон саросар турост,
Сари тахт бо тоҷу лашкар турост.