Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

504. БА ХОБ ДИДАНИ ФИРДАВСӢ ДАҚИҚИРО

Чунон дид гӯянда як шаб ба хоб, Ки як ҷоми май доштӣ чун гулоб, Дақиқӣ зи ҷое падид омадӣ, Бар он ҷоми май достонҳо задӣ. Ба Фирдавсӣ овоз додӣ, ки май Махур ҷуз ба оини Ковуси кай, Ки шоҳе гузидӣ ба гетӣ, ки бахт Бад- ӯ нозаду тоҷу дайҳиму тахт. Шаҳаншоҳ Маҳмуди гирандашаҳр, Зи ганҷаш ба ҳар кас расонида баҳр. Аз имрӯз то соли ҳаштоду панҷ, Бикоҳад-ш ранҷу биболад-ш ганҷ. В-аз он пас ба Чин андарорад сипоҳ, Ҳама меҳтарон баркушоянд роҳ. Набояд-ш гуфтан касеро дурушт, Ҳама тоҷи шоҳонаш ояд ба мушт. Бад-ин нома арчанд биштофтӣ, Кунун ҳар чӣ ҷустӣ, ҳама ёфтӣ. Аз ин бора ман пеш гуфтам сухун, Агар боз ёбӣ, бахилӣ макун. Зи Гуштоспв-Арҷосп байте ҳазор Бигуфтам, саромад маро рӯзгор. Гар он моя назди шаҳаншаҳ расад, Равони ман аз хок бар маҳ расад. Кунун ман бигӯям сухан к-ӯ бигуфт, Манам зинда, ӯ гашта бо хок ҷуфт.