505. БА БАЛХ РАФТАНИ ЛӮҲРОСП ВА БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ГУШТОСП
Чу Гуштоспро дод Лӯҳросп тахт,
Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.
Ба Балхи гузин шуд бар он навбаҳор,
Ки яздонпарастон буд он рӯзгор.
Мар он хонаро доштандӣ чунон,
Ки мар Маккаро тозиён ин замон.
Бад-он хона шуд шоҳи яздонпараст,
Фуруд омад он ҷову ҳайкал бубаст.
Бубаст он дари б-офаринхонаро,
Наҳишт андар он хона бегонаро.
Бипӯшид ҷома, парастишпалос,
Хирадро бар ин гуна бояд сипос.
Бияфканд ёра, фурӯ ҳишт мӯй,
Сӯи довари додгар кард рӯй.
Ҳаме буд сӣ сол пешаш ба пой,
Бад-ин сон парастид бояд Худой.
Ниёиш ҳаме кард хуршедро,
Чунон чун ки буд роҳ Ҷамшедро.
Чу Гуштосп бар шуд ба тахти падар,
Ки фарри падар дошту бахти падар,
Ба сар барниҳод он падардода тоҷ,
Ки зебанда бошад ба озода тоҷ.
«Манам гуфт, яздонпарастанда шоҳ,
Маро Эзади пок дод ин кулоҳ.
Бад-он дод моро кулоҳи бузург,
Ки берун кунем аз рамаймеш гург.
Сӯи роҳи Яздон биёзем чанг,
Бар озода гетӣ надорем танг.
Чу оини шоҳон ба ҷой оварем,
Бадонро ба дини Худой оварем».
Яке дод густард, к-аз доди ӯй
Або гург меш об хӯрдӣ ба ҷӯй.
Пас он духтари номвар Қайсаро,
Ки Ноҳид буд номи он духтаро,
Катоюн-ш хондӣ гаронмоя шоҳ,
Ду фарзанд омад чу тобанда моҳ,
Яке номвар фаррух- Исфандёр,
Шаҳи корзорӣ, набарда савор.