506. ПАЙДО ШУДАНИ ЗАРДУШТ ВА ПАЗИРУФТАНИ ГУШТОСП ДИНИ Ӯ
Чу якчанд гоҳе баромад бар ин,
Дарахте падид омад андар замин.
Аз айвони Гуштосп то пеши кох
Дарахти гашанбеху бисёршох.
Ҳама барги ӯ панду бораш хирад,
Касе к-ӯ чунон бар хурад, кай мурад?
Ҳуҷастапаю номи ӯ Зардуҳушт,
Ки Оҳармани бадкунишро бикушт.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт пайғамбарам,
Туро сӯи Яздон ҳаме раҳбарам.
Яке миҷмар оташ биёвард боз,
Бигуфт, аз биҳишт оваридам фароз.
Ҷаҳонофарин гуфт бипзир ин,
Нигаҳ кун бад-ин осмону замин,
Ки бехоку обаш баровардаам,
Нигаҳ кун бад-ӯ, то-ш чун кардаам.
Нигар, то тавонад чунин кард кас,
Магар ман ки ҳастам ҷаҳондору бас?
Гар эдун ки донӣ, ки ман кардам ин,
Маро хонд бояд ҷаҳонофарин.
Зи гӯянда бипзир беҳ дини ӯй,
Биёмӯз аз ӯ роҳу оини ӯй.
Нигар то чӣ гӯяд бар он кор кун,
Хирад баргузин ин ҷаҳон хор кун.
Биёмӯз оини дини беҳӣ,
Ки бе дин на хуб аст шоҳаншаҳӣ.
Чу бишнид аз ӯ шоҳи беҳ дини беҳ,
Пазируфт аз ӯ дину оини беҳ.
Набарда бародар-ш фаррух Зарир,
Куҷо жандапил оваридӣ ба зер.
Падар-ш он шаҳи пиргашта ба Балх,
Ки гетӣ ба дил-ш - андарун буд талх.
Сарони бузург аз ҳама кишварон,
Пизишкони донову кундоварон.
Ҳама сӯи шоҳи замин омаданд,
Бубастанд кустӣ, ба дин омаданд.
Падид омад он фарраи эзадӣ,
Бирафт аз дили бадсиголон бадӣ,